кашидан

кашидан
[کشيدن]
1. ба тарафи худ овардан, ба худ наздик кардан; кашондан
2. ҷалб (ҷазб) кардан, моил сохтан; тарафдори худ кардан
3. аз ҷое ба ҷое овардан ё бурдан, гузарондан, интиқол додан: хати телеграф кашидан, роҳи оҳан кашидан
4. аз поён ба боло баровардан (мас., обро аз чоҳ, нафтро аз кон, лойро бо сатил ба бом)
5. рехтан, андохтан (чойро аз чойник ба пиёла, ошро аз дег ба табақ)
6. берун кардан, баровардан (мас., шамшер ва кордро аз ғилоф)
7. нақш кардан, наққошӣ кардан (суратеро ба коғаз, нақшеро ба девор)
8. аз сар гузарондан; тоб овардан: дард кашидан, заҳмат кашидан
9. афрохтан, дароз кардан ба боло: қад кашидан
10. кашола кардан
11. истеъмол кардан: нос кашидан, сигор кашидан, чилим кашидан, банг кашидан
12. аз тан баровардан: либосро кашидан, кафшро кашидан
13. молидан (сурмаро ба чашм, ӯсмаро ба абрӯ)
14. ҳосил кардан бо роҳи тақтир: арақ кашидан, гулоб кашидан
15. кит. анҷомидан, расидан (-и кори касе): кор то ҷое кашидан
16. ҷабида (макида) гирифтан, ба худ гирифтан: обро ба худ кашидан; арра кашидан бо арра буридан (чӯбро); бӯ кашидан бӯ кардан, бӯидан; зарар кашидан зиён дидан; карнай кашидан карнай навохтан; лашкар кашидан бо лашкар ба ҷое ба қасди ҷанг равона шудан; наъра кашидан баланд бонг задан; саф кашидан саф бастан, қатор шуда мураттаб истодан; ташвиш кашидан худро ба заҳмат мондан; тор кашидан таноберо байни ду нуқта кашол карда бастан; уллос кашидан нула кашидан; хат кашидан а) хат задан, ботил кардан (навиштаеро); б) бо хати рост ишора мондан (ба зери навиштае); ба канор кашидан а) канораҷӯӣ кардан, худро ба як сӯ гирифтан; дур шудан; дар (ба) бар кашидан оғӯш кардан, ба оғӯш гирифтан, ба канор кашидан; сар кашидан а) сар боло кардан, қад кашидан; сабз шуда (рӯида) сарак пайдо кардан; б) киноя аз сар тофтан аз чизе, сар нафуровардан ба чизе; абрӯ дарҳам кашидан чин бар абрӯ афкандан, рӯ турш кардан, қавоқи худро овезон кардан; ба (риштаи) назм кашидан ба шакли шеърӣ даровардан; шеър гуфтан; расвои касеро кашидан касеро шармандаву беобрӯ кардан

Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. . 2008.

Игры ⚽ Поможем сделать НИР

Полезное


Смотреть что такое "кашидан" в других словарях:

  • дароз — [دراز] 1. дорои тӯл ва ё баландии зиёд; тавил, муқоб. кӯтоҳ: куртаи дароз, мӯи дароз, риши дароз, остини дароз 2. баланд: қад(д)и дароз 3. қадбаланд, қоматбаланд, навча 4. тӯлонӣ, давомнок, зиёд (оид ба вақт): умри дароз; умри дароз дидан солҳои… …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • дил — [دل] 1. узви марказии низоми гардиши хуни одам ва ҳайвон, ки ҳаракати хунро идора мекунад, қалб; дили бемор дили касал, дили дардманд 2. маҷ. марказ, васат, миён, дарун: дили мамлакат, дили кӯҳ; дили санг мағзи санг, миёни санг; дили шаб ними шаб …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • нафас — [نفس] а 1. дами бо роҳи даҳону бинӣ ба дарун кашида ва боз баровардашавандаи инсон ё ҳайвон: нафас кашидан, нафас баровардан, нафас гирифтан; нафаси вопасин дами пеш аз марг, дами охирин; зиққи (тангии) нафас тиб. дарди сина (шуш), ки гирифтори… …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • дам — I [دم] асоси замони ҳозира аз дамидан II [دم] 1. нафас; дами касе гаштан (гардидан) нафаси касе ба дарун афтидан; нафас гирифта натавонистан 2. ҳаво, бод; пуф; дами чизеро холӣ кардан боди чизеро баровардан, ҳавои чизеро сар додан; дами шикам… …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • дуд — [دود] 1. моддаи тираранги абру бухормонанд, ки аз сӯхтани чизе пайдо шуда, ба ҳаво мебарояд: дуди борут, дуди паровоз, дуди сиёҳ (сафед, хокистарранг, ғализи бадбӯ), дуду ғубор 2. маҷ. оҳ; оҳу нола, фиғон; дуди дил оҳу фиғон; сӯзу гудози ботинӣ 3 …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • қалам — I [قلم] а 1. афзорест найин, чӯбин ё филизӣ, ки ба воситаи он хат менависанд, хома, килк; қалами абрӯ қалами махсус барои ороиши абрӯи занон; қалами мӯин ниг. мӯ(й)қалам; қалами нақшакашӣ қалами филизӣ, ки нӯги дулабаи он ғафсу борик карда… …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • ҷигар — [جگر] 1. яке аз узвҳои дарунии бадани инсон ва баъзе ҳайвонҳо, ки ҳосилкунандаи заҳра мебошад ва барои таъмини мубодилаи моддаҳо дар бадан хизмат мекунад 2. маҷ. фарзанд, фарзанди азиз ва дилбанд; ҷону ҷигар маҷ. хешу ақрабои хеле наздик 3. маҷ.… …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • ҷон — [جان] 1. олами рӯҳии дохилии инсон, ки ҳамчун як чизи шартӣ ва мавҳум тасаввур мешавад ва онро сабаби зиндагӣ мешуморанд, рӯҳ, равон 2. умуман, як чизи мавҳуме, ки сабаби зиндагии ҳамаи ҷондорон тасаввур мешавад, василаи асосии зиндагӣ; бо ҳавли… …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • Liste Swadesh du tadjik — Liste Swadesh de 207 mots en français et en tadjik. Sommaire 1 Présentation 2 Liste 3 Voir aussi 3.1 Bibliographie …   Wikipédia en Français

  • бинӣ — [بيني] узви ҳисси шомаи инсон ва ҳайвон, димоғ: бинии борик, бинии дароз, бинии уқобии нӯгхамида, парраи бинӣ, теғаи бинӣ; бинӣ афшондан нафасро бошиддат аз бинӣ бароварда холӣ кардани роҳи нафас аз оби бинӣ, бинӣ кашидан бо бинӣ ҳаворо сахт ба… …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ


Поделиться ссылкой на выделенное

Прямая ссылка:
Нажмите правой клавишей мыши и выберите «Копировать ссылку»